Hadyai Bukhoroi

Страна: Узбекистан

Я Хадя (Раджабова Саломат Мухсиновна) родилась 1948 году в городе Бухаре. В 1970 году окончила факультет таджикского языка и литературы Самаркандского института имени Садридина Айни. После окончания института вступила в аспирантуру в Ташкентский государственный университет. После окончания аспирантуры с 1978 по1999 годах я работала в Бухарском технологическом институте пищевой и легкой промышленности на кафедре Социологии. В 1999-2002 годах работала в Бухарском медицинском инстетуте заведующей кафедрой Истории Узбекистана. В 1997 году защитила диссертацию на соискание ученный степени кандидата филасофских наук в институте филасофии и права академии наук республики Узбекистана имени И.М.Муминова. Со школных времен мои стихи опубликовались в разных областных газетах и журналах Республики Узбекистана. В 2002 году была опубликована первая книга «Ба хокат по ниям бо номи яздон». В 2006 году книга «Парвоз». В 2008 году книга «Кишвари Дил». В 2010 году книга «Набзи зиндаги». В 20011 году книга «Ишки хастизо». В 2014 году книга «Ситораи Умед». В 2017 году книга «Меъроч». В 2019 году книга «Боргохи нур». Её стихотворение были опубликованы в Иране, в Нью-Йорке, в Париже.


Country: Uzbekistan


Стихи на таджикском языке

            БУХОРОЯМ

Зи бас додӣ шарифонро ба олам,

Шарифи аз барои ҷумла одам.

Бибўсам хоки ту,бар дида молам,

Бухороям, чаро бо ту наболам?

Зи ҳар як заррахокат бўи ҷоне,

Зи ҳар як санги ту нақши ҷаҳоне.

Сифотат бишнавам аз ҳар даҳоне,

Чу Каъба саждагоҳи бандагони.

Ту амсоли китоби бебаёнӣ,

Вале дар қисмати халқат аёнӣ.  

Ҷаҳон сад гирд гардонду ҳамонӣ 

Қадамгоҳи бузургони ҷаҳонӣ.

Ба хокат по ниҳам бо номи Яздон,

Ки бошам покдил, покизавиҷдон.

Ниҳам сар бар тавофи ту,диҳам ҷон,

Шавам хоки қудуми саҷдаорон

               КАЙ ГУФТААМАТ?

        (Мухаммас бар ғазали Пайрав)

Дар роҳи муҳаббат балади бебасарон бош,

Бар фарқи хиёнат ҳама дам гурзи гарон бош.

Дар уфқи дилам ламъаи хуршеди ҷаҳон бош.

“Кай гуфтаамат партави базми дигарон бош,

Эй шўъла, ба сўзи дили хомам нигарон бош.

Шамъи маниву шўълаи базми ину они,

Баргў, ки ту ҳам балки аз он насягарони?

Ё хастагии дидаву дилро нигарони?

“То кай чу ҳумо чатр ба раъси дигарони?

Гул бошу ба парвози ҳазорат нигарон бош”

Болида зи гарди қадамат лаб накушудем,.

Дил дода ба қоши қаламат лаб накушудем,

Аз нозу адову аламат лаб накушудем,
“Мурдем ба зиндони ғамат лаб накушудем,

Эй тўтии ширинсухани мо, ба фиғон бош!”

Бас шому саҳар хондамат, ёр, ба ёрӣ,

Ё ту магарам бар дили ман кор надорӣ?!

Бо ёди ту додам қадаҳе чанд ба орӣ,

“Ангури сари ток нашуд дафъи хуморӣ,

Мамнуни арақрезии ин кўзагарон бош”

Гуфтам, санамо, ҳарф бизан, худ чӣ хамўши?

Мақсуди дили хеш зи мо чанд бипўши?

Як ҷуръа зи дурди қадаҳи сидқ нанўши?

“Пайрав, зи чӣ муфт ин ҳама дурдонафурўшӣ?

Мағбун кунандат, ҳазар аз насягарон бош?!”

САБУРӢ

Ғубори зиндагӣ бар сар гирифтам,

Зи озори ҷаҳон озар гирифтам.

Ба бозори тамаъ рости сухан нест.

Раҳи дониш ба ҷойи зар гирифтам.

Замингири замони дастногир,

Худоро ҷои он аз бар гирифтам.

Ҳар он роҳи ҷаҳон ҷуз гумраҳӣ нест,

Чӣ созам, таълим аз Ховар гирифтам?!

Тиҳиҷом аз шароби айши даврон,

Ман узлат ҷойи ҳар довар гирифтам.

Маҳу хуршеди рахшонизаминам,

Сабурӣ бар худ аз бовар гирифтам.

        ГУРУСТНАИ  ИШҚАТ

Чашми минофоми ту мастам кунад,

Нури рӯям иқтибос аз меҳри туст.

Коми дил аз ту ба ҷонам роҳ  ниҳад,

Ҳарфу гуфторат чу атри гуфтугӯст.

Дар дилам ҳусни баҳор эҷод кун,

Рӯйи чашмонам кашам нози туро,

Додаӣ ҳар буттаро ҳафтод бун,

Сози умрам донам овози туро.

Дар дилам муҳри намози меҳри ту,

Бар сари меҳроби ишқат сар ниҳам,

Аз забони дил шунав, бар сеҳри ту

Барқи ишқ аз осмони дил диҳам.

Рашҳаи килки маро сероб кун,

Назми хуш дар сина фарҳанги дил аст,

Меҳри покат мекунад сеҳрам фузун,

Қалби ман аз ҳастият дар манзил аст.

Мадду ҷазри ин таконхӯи дилам,

Аз равонат шӯр дар набзам равон.

Бо ту осон мешавад ҳар мушкилам,

Табли тӯфонӣ занад ҳам бегумон.

Пир гаштам, қалби поки ман ҳанӯз,

Ҳамрадифи инзиво шуд аз ҷаҳон.

Ишқи пок аз марг ҳам дар тобу сӯз

Гушнаи ишқам, наметарсам зи ҷон!

                      ИШҚ

Худо ишқ асту олам сар ба по ишқ,

Ҷаҳони ҳастиро бошад бақо ишқ.

Зи дасту аз даҳони шери ҳиҷрон,

Ҳимоят созаду банду раҳо ишқ.

Бипайвандад ба ҳам аҷзои гетӣ, 

Кунад  маънои ҳастиро ато ишқ.

Зи боби ҳиссиёташ рӯҳосо

Ба ҷисми сард афзояд сафо ишқ.          

Кушояд чашми ақлу чашми дилро,

Дили сангин кунад обу адо ишқ.

Наояд ошиқӣ бо хост бар дил,

Ба тақдират биёяд чун зиё ишқ.

Шароби ақлу дониш ишқи пок аст,

Ба дил ҳам ранҷу ганҷи бебаҳо ишқ.

Бирез аз синаи ишқ шаҳди шеърат,

Ба-д-он, Ҳадя, ки кардаст мубтало ишқ.

              ВОРИСАМ

Эй Бухоро, масдари аҷдоди ман,

Хуни ман олуда дар домони ту.

Ҷуз ту дар дунё набошад арҷманд,

Ҳар маконе дар дилам ҳамсони ту.

Дар ғурурам, лаҳҷаам, афкори ман,

Рӯҳи аҷдодам диҳад акси садо.

Эй Ватан, эй рӯҳи пок, эй ори ман,

Қатрасон дар набзи ту гардам адо.

Хокиям, аз хоки аҷдодам нишон,

Сарбаландам – аз шарифонзодаам.

Дар ҷаҳони маърифат қадрам гарон,

Гарчи бо дилсофиҳоям содаям.

Ҷуз ту нашносад касе қадри маро,

Ҷуз ту дар гардуни ман бадри маро.

Ман забони куҳнабунёди туам,

Дар ту бинанд ҳар хаму садри маро.

Меравам ҳар ҷо, чу номат мебарам,

Ҳамчу хокат менамояндам тавоф.

Эй Ватан, бар номи покат ҷони ман,

Ҳамчу ашки ман бувад оби ту соф.

Вориси ҳар гарди домони туам,

Мардумак дар чашми фаттони туам.

Ҳақшуносӣ кори ҳар беҷода нест,

Посбони лафзи Сомони туам.

Дар сари ҳар зарра обу хоки ту,

Хондаам савганди фарзандии хеш.

Ман фидои нола аз ҳар чоки ту,

Чун табиби ҳозиқе истам ба пеш!

1 Звезда2 Звезды3 Звезды4 Звезды5 Звезд (11 оценок, среднее: 4,82 из 5)

Загрузка...